Аз нишастҳои матбуотӣ

Имконият фарох, вале таваҷҷуҳ кам аст

№ 09.08.2023

rektori-Konservatoriyai-millii-To-ikiston-Miral-Dostizoda-2 -Ҳарчанд дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов се факултет-иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, мусиқии эстрадӣ ва 13 кафедра фаъолият намуда, муассиса имкони аз рӯи 14 ихтисос ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёнро дорад, дар нимсолаи дуввуми соли таҳсили 2022-2023 дар он ҳамагӣ 310 нафар донишҷӯ таҳсил кардаанд, изҳор дошт 8-уми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ ректори он Миралӣ Достизода.

Ба иттилои ӯ, нақшаи қабули довталабон ба консерватория то имрӯз 59, 3 фоиз иҷро шудааст.

Ҳоло дар консерватория 21 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ИМА,  Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил менамоянд.

Соли ҷорӣ 67 нафар консерваторияро хатм кардаанд. Аз 43 хатмкардаи шакли таҳсили рӯзона ба ҷои кор таъмин гардидаанд.

Бори нахуст дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шӯрои муштараки диссертатсионӣ ба кор оғоз кард. Дар тӯли ним сол 31 мақолаи илмӣ  чоп ва дар сомонаҳои интернетӣ ҷойгир гардида, ду шумораи маҷаллаи илмии «Мутриб» рӯи чоп омад, ки дар онҳо 18 мақолаи илмии омӯзгорон, докторантон ва унвонҷӯён ҷой дода шудаанд.

М. Достизода аз он ифтихор намуд, ки донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи фортепианои тахассусӣ Фараҳноз Қурбонмамадова дар онлайн-озмуни байналмилалии «World of Talents», ки аз 24-уми декабри соли 2022 то 5-уми январи соли 2023 дар Германия баргузор шуд, аз рӯи номинатсияи «Фортепиано» ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардид. Номбурда, ҳамчунин, дар онлайн-озмуни 7-уми байналмилалии мусиқии «Cantabile» (аз 12 то 20-уми январи соли 2023) соҳиби ГРАН-при гардида буд.

Донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи созҳои оркестрӣ Ҷовидон Ҳасанов ва донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи сарояндагии академӣ Шерзод Абдуллозода низ дар озмунҳои байналмилалӣ бомуваффақият иштирок ва ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар нимсолаи аввали соли равон дар доираи Лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ — «Таҷҳизоти техникӣ: маҷмааи таълимиву мусиқӣ» ба маблағи 730992 сомонӣ таҷҳизот харидорӣ гардид, ки ин вазъи моддию техникии консерваторияро беҳтар намуд.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»