Дар нимсолаи аввали соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 14 намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон, Эрон, Россия, Туркия, Чин, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар чораҷӯӣ намуд. Дар ин хусус раиси палата Ҷамшед Ҷумъахонзода дуюми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки палата дар баргузор намудани чор намоишгоҳ дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат карда, иштироки аъзои палата ва соҳибкорони ватаниро дар ин чорабиниҳо таъмин намуданд.
Таъкид гардид, ки дар 6 моҳи аввали соли равон палата дар ташкил намудани 39 бизнес-форум ва бизнес-миссияҳои доираҳои соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 48 конференсия, семинару вебинарҳо, тренингҳо ва суҳбатҳои гирди миз дар шакли ҳузурӣ (офлайн) ва маҷозӣ (онлайн) мусоидат карда, дар доираи ин чорабиниҳо 150 санади ҳамкории нав миёни корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ба имзо расид. Аз санадҳои баимзорасида 90-тояшонро ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, 20 санад вобаста ба содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40 санади дигар оид ба хариди молу маҳсулот, таҷҳизот аз кишварҳои дигар ташкил медиҳанд.
Зикр шуд, ки ҳоло дар кишварҳои Чин, Покистон, Россия, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Корея, Беларус, Эрон, Сингапур ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ намояндагии палата фаъолият менамояд. Алҳол шумораи умумии аъзои палата ба 1007 адад расид, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 102 аъзо зиёд мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»