Аз нишастҳои матбуотӣ

Имзои 21 созишномаи қарзию грантӣ дар шаш моҳ

№101 (4363) 05.08.2021

Молия (3)Дар ин бора дуюми августи соли равон вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод ва маълум гардид, ки маблағи умумии онҳо 410,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Даромади Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти маб­лағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 13,2 млрд. сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳо 106,5 фоиз таъмин шуд. Воридоти он нисбат ба нақша 809,6 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 3,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, маълум гардид, ки хароҷоти буҷети давлатӣ моҳҳои январ — июни соли 2021 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ шуда, 12,9 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 688,1 млн. сомонӣ, соҳаи маориф — 2,4 млрд., тандурустӣ — 1,1 млрд., ҳифзи иҷтимоӣ — 1,9 млрд., фарҳангу варзиш — 492 млн., хоҷагии манзилию коммуналӣ — 713,7 млн., комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 2,4 млрд., кишоварзӣ — 294,6 млн., саноату сохтмон — 84,3 млн., нақлиёт ва коммуникатсия 820 млн. сомонӣ равона гардид.

 Чун ҳарвақта ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва хароҷоти соҳа 51 фоизи ҳаҷми умумии сарфи буҷети давлатиро ташкил дод.

 Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла, пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,2 млрд. сомонӣ, идрорпулӣ — 43 млн., нафақа — 1,5 млрд., ҷуброн ва кумакпулиҳо 186 млн. сомонӣ харҷ гардид.

Далери АБДУЛЛО,

«Садои мардум»