Аз нишастҳои матбуотӣ

Имзои 28 созишномаи авиатсияи гражданӣ

№97 (4680) 02.08.2023

5- Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкориҳо бо мақомоти авиатсионии хориҷи кишвар, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, афзоиш додани хатсайр­ҳои байналмилалӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро ба роҳ монда, дар ин самт корҳои зиёдро ба анҷом расонид, — иброз намуд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотие, ки 28-уми июли соли 2023 баргузор гардид.

Аз ҷумла, дар ин давра бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ҷалби сармоя ба соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати хизмат­расонӣ бо намояндагони ширкати ҳавопаймоии «AZAL»-и Озарбойҷон, Бонки ҷаҳонӣ, ширкати «Cosmelt»- и Амороти Муттаҳидаи Араб, ширкати «Thales»- и Франсия, ширкати «Вея Инвест»-и Федератсияи Россия, ширкати ҳавопаймоии «Georgian Airways», Маъмурияти авиатсионии Британияи Кабир, ширкати «Kayan Group Company»- и Арабистони Саудӣ, корпоратсияи чинии «POWER International Group» ва сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, бо 28 кишвар созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз онҳо 9 кишвари ИДМ (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон) 7 кишвари Аврупо (Франсия, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва 12 кишвари Осиё (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Ҷумҳурии Корея ва Салтанати Уммон) мебошанд.

8-уми майи соли равон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай ба имзо расонида шуданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар нимсолаи аввали соли равон тавассути хатсайр­ҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ 360 ҳазор нафар мусофир интиқол дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 180 нафар зиёд мебошад. Аз ҷониби агентӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 самт ва 11 кишвари хориҷӣ, ки дар асоси таъинот мунтазам парвозҳоро ба фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб иҷро менамоянд, дар нимсолаи аввали соли 2023 бо 260 парвоз дар як ҳафта тасдиқ шуд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»