Нишастҳои матбуотӣ

Ҷиноятҳои марбут ба шиканҷа ба маротиб костааст

№94 (3731) 08.08.2017

DSC_0079- Дар нимсолаи аввали соли равон 2 ҳазору 262 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 130 адади он муроҷиати хаттӣ буда, бештар ба масъалаҳои муҳокимаи одилонаи судӣ, манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъминоти иҷтимоӣ (алимент) вобаста мебошад, — гуфт  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода 3 август зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда иброз намуд, ки тибқи нақшаи корӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб-интернатҳо, мактаб-парваришгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санҷишу мониторинг гузарониданд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва шаш қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 12 нафар мутахассиси ботаҷриба кор мекунанд.

Ба таъкиди З. Ализода муроҷиат оид ба шиканҷа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб кам, яъне ҳамагӣ 2 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба яке аз онҳо мақомоти қудратӣ чораҷӯйӣ намудааст. Санҷиши муроҷиати дигар, ки аз номи бародари як маҳбус буд, беасос баромад.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»