- Дар шаш моҳи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 адад кам мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳо 8468 ҳолати он аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудааст, — изҳор дошт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 30 июл баргузор гардид.
Дар ин давра 2202 ҷинояти вазнин, аз қабили одамкушӣ – 47, роҳзанӣ – 19, ғоратгарӣ – 108, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 66, авбошӣ – 501, дуздӣ – 2856 ва қаллобӣ 1483 маротиба ба қайд гирифта шудааст.
Кормандони ВКД 1136 нафар ҷинояткори дар ҷустуҷӯбударо дастгир ва 361 нафар шахси бедаракгаштаро муайян карданд.
Ноболиғон дар шаш моҳ 555 ҷиноят содир намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳолат зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якум 592 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 171 нафар ҳалок ва 604 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 598 ҳодисаи сӯхтор рух дод. Дар натиҷа 11 нафар фавтид, ки се нафарашон ноболиғ буданд. Маблағи зарари аз сӯхтор расида зиёда аз 4 миллиону 804 ҳазору 846 сомониро ташкил медиҳад.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»