Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷинояткорӣ дар ноҳияи Сино коҳиш ёфт

№102 (4364) 10.08.2021

DSC_6544Дар шаш моҳи аввали соли 2021 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 105,2 дарсади нақшаро ташкил дод. Ин нуктаро муовини якуми раиси ноҳияи Сино Хусрав Дамонзода 27 июли соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 159,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба буҷет 177,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 111,6 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 176,7 миллион сомонӣ буда, 97 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 206 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо истеҳсоли 72 намуд маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 486,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 99,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Дар 106 муассисаи тиббӣ, то 26 июл 122781 нафар ё 51 дарсади сокинон ваксина гирифтанд, — изҳор дошт Хусрав Дамонзода.

Номбурда доир ба сатҳи ҷинояткорӣ маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки моҳҳои январ-июни соли равон 861 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 71 адад кам мебошад. Аз ин шумора 4 куштор, 267 дуздӣ, 19 ғоратгарӣ, 123 қаллобӣ, 39 авбошӣ ва 33 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо содир шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»