Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12293 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 256 адад ё ин ки 2 фоиз кам мебошад. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки сеюми август баргузор шуд, иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он дар 35 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 56, таҷовуз ба номус — 16, роҳзанӣ — 17, савдои одамон — 10, ғоратгарӣ — 68, авбошӣ — 556, қаллобӣ — 1452, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 23, дуздӣ — 3415, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор-357, ҷиноят бо истифодаи силоҳ — 22 ва дигар ҷиноятҳо дар 6266 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Зикр шуд, ки дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ 423 силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 42 автомат, 45 таппонча, 114 милтиқ ва карабин, 216 силоҳи суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.
- Инчунин, аз ҷониби сохторҳои ВКД 875 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ошкор шуд. Бояд гуфт, ки 398 ҷиноят аз ҷониби 408 ноболиғ, 2736 ҷиноят аз ҷониби 2553 ҷавон содир гардидааст. Ҳамчунин, 543 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки бар асари он 12 нафар фавтидаанд. Маблағи зарари сӯхтор зиёда аз 9 миллиону 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — афзуд Рамазон Раҳимзода.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»