Аз нишастҳои матбуотӣ

Интиқоли 36 млн. тонна бор дар шаш моҳ

№89 (3883) 21.07.2018

D7E0EDF1-0B78-44BC-B655-53EC791005C4_w1023_r1_s- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи нақлиёт аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир шуд ва мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад, — иброз намуд вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 18 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.

ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки дар шаш моҳи аввали сол тавассути ҳама намуди нақлиёт беш аз 38 миллион тонна бор интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 4,4 фоиз зиёд аст. Аз ин нишондиҳанда 34 миллион тонна бо нақлиёти автомобилӣ ва 2,6 миллион тонна бо нақлиёти роҳи оҳан кашонда шуд.

Айни ҳол дар бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ 1412 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 214 корхонаи нақлиётӣ, 49 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1054 нуқтаи хизматрасонии техникию таъмири воситаҳои нақлиёт ва 84 қароргоҳи нақлиётӣ фаъолият доранд. Тавассути нақлиёти автомобилии истифодаи умум 132,3 миллион ва нақлиёти роҳи оҳан 254,3 ҳазор мусофир интиқол ёфтааст.

Дар соҳа 12 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки ба рушди нақлиёт ва дар маҷмӯъ, ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, инчунин дар бораи вазъи роҳҳои маҳаллӣ, нигоҳдории онҳо, назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маълумот дода шуд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»