Аз нишастҳои матбуотӣ

Инвентаризатсияи замин гузаронда мешавад

№19 (4759) 09.02.2024

WhatsApp Image 2024-02-08 at 09.06.35Дар нишасти матбуотӣ (7 феврал) раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иттилоъ дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр ба 100,9 фоиз расонда шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 2,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 107 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, саноати коркард — 106,3, тақсимоти неруи барқ -112,9 ва рушди саноати истихроҷи маъдан ба 81,4 фоиз расонда шуд. Барои татбиқи саноатикунонии босуръат 3 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Равғани Ҳисор», ҶДММ «Тоҷикавтокараван» ва ҶСК «Пахтаи Ҳисор», ки аз фаъолият боз­монда буданд, баъди воридоти технологияи инноватсионӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра 21 корхонаи нави саноатии хурду миёна ба фаъолият оғоз намуда, барои 206 нафар ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

Хабарнигори рӯзнома оиди ғасби замини муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, тандурустӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзӣ пурсон шуд.

Қосим Роҳбар бо изҳори таассуф дар ҷавоб гуфт, ки чунин қонуншиканиҳо дар ғасби замин ҷой дорад ва барои бартараф кардани он аз ҳисоби кормандону мутахассисони мақомоти дахлдори назоратӣ комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Мутаассифона, давоми 23 соли охир инвентаризатсияи замин гузаронда нашудааст ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзӣ, ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳо ва наздиҳавлигии аҳолӣ дар харитаи заминистифодабарӣ бетағйир мондааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки соли 2024 инвентаризатсияи заминро гузаронад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»