Аз нишастҳои матбуотӣ

Қисми даромади буҷет беш аз 110 фоиз иҷро гардид

№ 21.07.2022

Гадоиев-Б-2-200x300Дар ин бора раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим 20 июли сори равон дар нишасти матбуотӣ иттилооъ дода, афзуд, ки нақшаи аниқшудаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ 156 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, дар асл ба буҷет 149,4 миллион сомонӣ (95,6 фоиз) ворид шуда, иҷрои нақшаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 98,5 фоиз таъмин гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия, бо назардошти сектори ғайридавлатӣ, дар ҳаҷми 247 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 41 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд аст ва 116,3 фоизи нишондиҳандаро ташкил менамояд.

Билол Иброҳим иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон 74 ҳазору 96 бех дарахти ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда беш аз 980 адад гулҳои мавсимӣ шинонда шуд. Дар доираи омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2022 – 2023 соли ҷорӣ пайвастшавии 146 бинои иловагӣ барои қабули гармӣ ба нақша гирифта шуд.

Қарздории сокинону ташкилоту муассисаҳо аз пардохти маблағи партовҳои маишӣ, барқ ва об, савдои кӯчагии молу маҳсулот, ғасби қитъаи замин дар минтақаи Теппаҳои Шарқии ноҳия аз ҷумлаи масоили ҳалталаб арзёбӣ гардид.

- Ин масъалаҳо зери назорати доимӣ ва корбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд,- гуфт раиси ноҳияи Шоҳмансур.

  Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»