Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. 11 корхона фаъолият накард

№25 (4921) 24.02.2025

ХИСОР 11.02 (4)Соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор 101,3 фоиз, қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 107,3, қисми хароҷоти буҷет ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр 98,1 фоиз иҷро гардидааст.

Дар ин давра бақияи қарзи андозҳо 6 миллиону 510 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли 2024 як миллиону 981,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода хабар дод.

- Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаригардида ба 343,8 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 102,5 фоиз таъмин шуд. Рушди соҳаи саноати коркард 86 фоиз, истихроҷи маъдан — 163,5, тақсимоти неруи барқ -144,5 ва таъминоти об 107 фоизро ташкил дода, дар ин самт 108 корхона фаъолият кардааст, ки аз инҳо 15 корхона нақшаро як баробар кам иҷро намуда, 11 корхона фаъолият надошт, — иброз дошт номбурда.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»