Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. 5 корхонаи нав дар 6 моҳ

№100 (4840) 16.08.2024

12Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 2 млрд. 20,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 245 млн. 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар ин давра 106 млн. 788 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет 109 млн. 444 ҳазору 429 сомонӣ ворид гардид. Дар 89 корхона маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ беш аз 102 фоизро ташкил додааст.

Ин давра дар деҳоти Дурбат корхонаи таъмири трансформаторҳо, деҳоти Деҳқонобод ва Сомон ду корхонаи истеҳсоли шифери асбестӣ, деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода корхонаи истеҳсоли хишт ва дар деҳоти Ҳисор корхонаи пахтатозакунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Хабарнигорон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр роҷеъ ба даст­расии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ, қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ, омодагӣ ба қабули хонандагон, коркарди партов, бемориҳои сироятӣ, садама дар хатҳои обрасонӣ ва тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона саволу пешниҳодҳои хешро манзур намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»