Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки 14 феврали соли 2022 баргузор шуд, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Қосим Роҳбар роҷеъ ба бурду бохти соли 2021 маълумот дода, аз ҷумла гуфт:
- Дар ҷамъбасти соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 3 миллиарду 230,1 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он ба 109,8 фоиз баробар гардид. Қисми даромади буҷет 215 миллиону 447 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, аз нақшаи пешбинишуда 4 миллиону 115,7 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2020 — ум 27 миллиону 996 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 111,1 фоиз, кишоварзӣ — 105,3, сармоягузорӣ ва сохтмон — 154, хизматрасонии пулакӣ — 102,6 ва гардиши савдои чакана 110,1 фоиз таъмин шудааст. Бақияи қарзи андозҳо 4 миллиону 462,3 ҳазор сомониро ташкил намуда, дар қиёс ба аввали сол 2 миллиону 342 ҳазор сомонӣ ва дар қиёс ба соли 2020-ум 2 миллиону 364 ҳазор сомонӣ кам аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 дар ноҳия 80 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, 74 корхона фаъолияти мунтазам дошта, ба маблағи 290 миллиону 746,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2020-ум 29 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра шаш корхона, аз ҷумла ду корхонаи истеҳсоли хишт, ҶДММ «Даҳбед», ҶДММ «Малика-2018», ҶДММ «Равғани Ҳисор» ва Корхонаи коркарди қуму шағал бо сабаби тамомшавии ашёи хом ва муфлисшавӣ фаъолият накарданд.
Ба пурсиши хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Ҳисор», сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Бурҳониддин Файззода ва сардори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон»-и шаҳр Музаффар Ғуломов на танҳо посух надоданд, балки дар бораи қарори мазкур маълумот пайдо карда натавонистанд. Ҳамчунин, нисбат ба пардохт нагардидани роҳкирои омӯзгорон, директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таълимие, ки тайи солҳои 2017-2021 курси такмили ихтисос ва бозомӯзиро гузаштаанд, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Раёсати молия аз додани посух канораҷӯӣ карданд.
Иҷрокунандаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ҷой доштани камбудиҳоро тасдиқ намуда, гуфт, ки дар ҳақиқат, иҷрои талаботи қарори мазкур ҷиҳати сари вақт аз байн бурдани партовҳои бесоҳиб ва сари вақт пардохт нагардидани роҳкирои омӯзгорон беаҳамиятӣ дида мешавад. Ӯ масъулони идораҳои дахлдорро барои бартарафсозии мушкилиҳо вазифадор кард.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»