20 июли соли 2017 дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода гуфт, ки қисми даромади буҷети шаҳр 87,2 фоиз таъмин гардид, ки ба 45,5 миллион сомонӣ баробар аст. Қисми хароҷоти буҷет 81 фоиз ва нақшаи андози иҷтимоӣ 97,9 фоиз иҷро шуд. Корхонаҳои саноатии шаҳр, ки теъдодашон ба 50 мерасад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 62,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тибқи маълумоти раис, кишоварзони шаҳри Ҳисор соли 2017 дар 1002 гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 777 гектар зиёд мебошад.
- Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ майдони боғу токзор 6 ҳазору 701 гектарро ташкил менамояд, ки 3216 гектараш боғ ва 3485 гектараш токзор мебошад, — изҳор дошт Шарифҷон Ҷумазода.
Дар робита ба суолҳои хабарнигорон раиси шаҳр аз бекоршавии қарорҳои ба шаҳрвандон тақсим кардани заминҳои ҳудуди иншооти обтаъминкунии шаҳраки Шарора, фурӯхтани иншооти обтаъминкунӣ, таъмири роҳи мошингарди шаҳраки Шарора, таъмини аҳолии шаҳрак бо оби ошомиданӣ, бартарафсозии зарари селборон, ки шаби шашуми июли соли 2016 ба деҳаи навбунёди Уртабуз расида буд, маълумот дод.
Вале вақте журналистон эътироз карданд, ки чунин корҳо дар асл иҷро нашудаанд, раиси шаҳр хомӯш монд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»