Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсол ва содироти барқ афзуд

№14 (4120) 30.01.2020

Энергетика ва Захирахои ОБ (2)Баъди ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Неругоҳи «Тоҷикистон» иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар ба 6483,4 МВт расидааст. Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода 27 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. 

Бино ба гуфти ӯ, айни замон таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми НБО «Норак» идома дорад. Баъд аз таҷдиди пурра  тавоноии ин се неругоҳ афзоиш меёбад.  Иттилоъ гирифтем, ки соли 2019 истеҳсоли неруи барқ 20 миллиарду 676,2 миллион кВт.соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018-ум  934,5 миллион кВт.соат зиёд мебошад.  Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ бошад, 841,2 ҳазор Гкал-ро ташкил додааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 184,4 ҳазор Гкал бештар аст.

Дар ин давра 2 миллиарду 888,9 миллион кВт.соат қувваи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки назар ба соли 2018-ум 481,7 миллион кВт.соат зиёд мебошад.

Соли сипаригардида корҳо дар доираи «Лоиҳаи минтақавии «интиқоли барқ», қисмати сеюми лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти «Ромит», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти  интиқоли неруи барқ ва беҳдош­ти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди НБО «Сарбанд», «Таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Равшан», «Беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», «Таҷдиди НБО «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000» ва «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» идома ёфт.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»