Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли 6470 тонна ангур дар як сол

№29 (4612) 24.02.2023

МУМИН - Соли 2022 дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳияи Муъминобод истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 893 миллиону 624 ҳазор сомонӣ расид, — гуфт раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ 14-уми феврали соли 2023.

 Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки соли сипаригашта, кишоварзони ноҳия дар 15 ҳазору 249 гектар кишти зироатро ба роҳ монданд, ки 11 ҳазору 077 гектар ғалладонагиҳо, 917 гектар зироати техникӣ, 623 гектар картошка, 627 гектар сабзавот, 193 гектар полезӣ ва 1812 гектарро хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Истеҳсоли ғалладона бо ҷуворимаккаи дон ба 30 ҳазору 249 тонна, картошка – 10 ҳазору 205, сабзавот – 15 ҳазору 335, зироати техникӣ – 459 ва полезӣ ба 5660 тонна расид.

Тибқи дурнамо, дар 6212 гектар кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки 100,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

- Корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 34 миллиону 585 ҳазору 400 сомонӣ расониданд. Дар ноҳия 2712 гектар боғ ва 588 гектар токзор мавҷуд аст. Боғпарварони ноҳия дар ин давра 6 ҳазору 470 тонна ангур ва 15 ҳазору 761 тонна дигар мевагиҳо истеҳсол карданд, — афзуд Лутфия Шарифзода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»