Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли 72 навъи маҳсулот дар ноҳия

№ 11.08.2023

asian_mayors_forum_logo10 августи соли 2023 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Тоҷиддин Саидзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввали сол маълумот дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо шарофати сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия  109,4 ва нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия 110, 2 фоиз таъмин гардид. Дар ҳудуди ноҳия 304 адад коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо истеҳсоли 72 навъи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, бо муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта кор дар соҳаи савдо ва хизмати маишӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ҳам нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд. Ҳоло дар ноҳия бунёди 4 муассисаи мактабӣ ва томактабӣ, 1 муассисаи тандурустӣ, 5 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо 324 ҷойи корӣ, 1 меҳмонхона, 1 адад сардхона ва гармхона, 2 бинои истиқоматии баландошёна, 1 адад иншооти варзишӣ, сохтмон ва азнавсозии 29 адад партовгоҳ бо маром давом дошта, дар ҳудуди ноҳия 2 гармхонаи доимоамалкунанда дар майдони 0, 67 га фаъолият менамояд. Ноҳия дорои 82 МТУ, 52 МТМУ ва 30 муассисаи давлатӣ ва хусусӣ бо фарогирии 106204 хонанда мебошад. Дастпарварони мактабҳои ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд.

Варзишгарони ноҳия дар сабқатҳои варзишии шаҳрию ҷумҳуриявӣ 85 медали тилло, 97 нуқра, 63 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар робита ба васеъ гардидани ҳудуди маъмурии ноҳия мушкилу камбудиҳо низ ҷой доранд, ки дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешида  мешавад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»