Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли барқ каму содирот зиёд

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_5251Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 10 миллиарду 73,1 миллион кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,1 миллион кВт/соат кам мебошад. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра 917, 14 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли қаблӣ 4,7 кВт/соат ё 5 дарсад зиёд аст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 12 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сабаби коҳиши истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ кам шудани резиши об дар дарёи Вахш мебошад.

- Вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав, ба барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ҳоло таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома дошта, баъди таҷдиди пурра тавоноии умумии ҳар се неругоҳ 345 мВт зиёд мешавад, — иброз дошт Далер Ҷумъа.

Дар давраи мавриди назар истеҳсоли неруи гармӣ ба 717,8 ҳазор Г. кал баробар шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаришуда 40,4 ҳазор Г. кал ё 5,0 дарсад зиёд мебошад. То фарорасии мавсими сармо боз якчанд хонаи истиқоматӣ ва муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Ин боиси бештар сарфашавии неруи барқ дар фасли зимистон хоҳад гардид.

Тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 181 тонна нефт истихроҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 тонна зиёд аст. Истихроҷи гази табиӣ бошад, 384 ҳазор метри кубиро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 30 ҳазор метри кубӣ зиёд мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»