Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли беш аз се миллион дона тухм дар ноҳияи Ҳамадонӣ

№23 (4443) 19.02.2022

dav11 феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Одиназода Бозоралӣ гуфт, ки соли 2021 қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,7 фоиз таъмин ва ба буҷет 39 миллиону 527,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

- «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳамадонӣ барои солҳои 2021 – 2025» 188 лоиҳаро дар бар мегирад ва маблағи он 551,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта 63 лоиҳа ба маблағи 100,6 миллион сомонӣ иҷро гардидааст. Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 156 миллиону 305,7 ҳазор сомонӣ расонида шуда, аз 66 корхонаи хурду бузурги саноатии ноҳия 61 корхона фаъол буда, дар онҳо беш аз 787 нафар сокинон бо ҷойи кор таъминанд. Аз шумораи умумии корхонаҳо 14 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карда, 5 корхона умуман фаъолият накарданд, — иброз дошт раиси ноҳия.

Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб аз ӯ пурсид, ки чанд хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳия фаъолият мекунанд ва истеҳсоли моҳӣ соли 2021 чӣ гуна буд? Одиназода Бозоралӣ гуфт, ки моҳипарварони ноҳия соли гузашта 431 тонна моҳӣ сайд карда, дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа ба фурӯш бароварданд.

Зимни нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 861 миллиону 953,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – ум 52 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2021 дар майдони 5950 гектар кишти пахта ба роҳ монда шуд ва хоҷагидорони ноҳия 13 739 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 102,1 фоизи нақшаро ташкил дод.

Истеҳсоли ғалладонагӣ бо ҷуворимаккаи дон 51016,9 тонна, сабзавот — 64427, 2, полезӣ — 28842, меваҷот — 8046, гӯшт — 7655, шир 22287,4 тонна, тухм 3 миллиону 766,9 ҳазор дона, чорвои калон 36 822 сар, моли майда 68837 сар ва паранда ба 53 346 сар расонида шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»