Дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон журналистон ба истифодаи густурдаи электромобил дар ақсои олам таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пурсиданд, ки оё истеҳсоли он дар кишвари мо имконпазир аст?
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ин равандро «тамоюли мусбати ҷаҳонӣ» номида, зикр кард, ки дар кишвари мо барои истеҳсоли электромобил неруи зеҳнӣ ва ашёи хоми лозимӣ фароҳам мебошад. Вазир масъалаи мазкурро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, минҷумла гуфт, ки электромобил аз металлҳои «сабз» иборат аст, яъне алюминий ва мис. Батареяаш бошад, аз литий ва дигар маҳсулоте аст, ки кишварамон аз онҳо ғанӣ мебошад. Соли гузашта ширкати муштараки Чину Тоҷикистон «Зарафшон» истеҳсоли миси катодиро низ оғоз кард. Муҳимтар аз ҳама, дар соҳаи истеҳсоли литий дар мамлакат қадамҳои аввал, вале устувор гузошта шудаанд.
- Мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ширкати муътабари ҷаҳонӣ — «BYD», музокирот бо масъулини ширкати «Тесла» ва таҷрибаи истеҳсоли электробус шаҳодати собитқадам будани мо баҳри истеҳсоли ин намуди автомобил дар ҷумҳурӣ аст. Илова бар ин, бо дигар ширкатҳо ҳам музокирот дорем, то махсусияту бартарии бозори Тоҷикистон, яъне мавҷудияти ашёи хоми ватаниро ба онҳо бозгӯӣ намоем, — афзуд Шералӣ Кабир.
Муждаи дигаре, ки боиси ифтихор аст, тамоюли афзоишро касб намудани содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар маҳсуб мешавад. Бино ба гуфти Шералӣ Кабир, соли 2023 ба маблағи 50,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти хӯрокворӣ содирот шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022-юм 17,6 фоиз (7,5 миллион доллари ИМА) зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда соли 2022-юм 42,6 миллион доллар буд.
Дар мавриди номгӯи молу маҳсулоти мавриди назар зикр шуд, ки ба дигар давлатҳо 81,8 ҳазор тонна меваи хушк, 27,4 ҳазор тонна нӯшокиҳои ташнагишикан, 577 тонна намак, 1,9 ҳазор тонна консерваи меваю сабзавот, 7,1 ҳазор тонна орд, 445,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 664 тонна желатин содирот гардидааст.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»