Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулот 120,3 фоиз афзуд

№95 (4835) 31.07.2024

2Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Умед Гуреззода 24 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ 374,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, иҷроиш 113,0 фоизро ташкил дод.

  Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 153,9 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба буҷети маҳаллӣ 170,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин ба 111,0 фоизи нақша баробар аст. Дар робита ба қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ зикр шуд, ки барои соҳаҳои гуногун 175,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки 98,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 198 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият карда, ба маблағи 642,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,2 миллион сомонӣ ё 120,3 фоиз зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 198 корхонаи саноатӣ 125-тоаш аз 100 фоиз зиёд ва 38 корхона аз 100 фоиз камтар маҳсулот истеҳсол карда, 35 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накарда, 3 корхонаи дигар дар рӯйхати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда қарор доранд. Дар ин давра 19 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуданд, — афзуд Умед Гуреззода.

М. ХУДОЙНАЗАРОВ,

«Садои мардум»