Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ зиёд гашт

№№7(3644) 24.01.2017

Кишоварзи (7)Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ 18 январи соли 2017 дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2016 дар мамлакат истеҳсоли ғалладона ба 1 миллиону 435 ҳазору 801тонна ва картошка 898 095 тонна расид. Дар натиҷа, воридоти картошка аз хориҷи мамлакат хеле кам шуд. Умуман, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 5,2% зиёд мебошад.

- Майдони гармхонаҳо  соли гузашта ба 66 гектар расид, ки ин дар муқоиса ба соли 2015-ум 2,8 гектар зиёд аст, — гуфт Иззатулло Сатторӣ. Дар гармхонаҳо 1177 тонна помидор, 259 тонна бодиринг ва 430 тонна дигар намуд сабзавот истеҳсол шуда, ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Афғонистон ва ғайра 178 843 тонна меваю хушкмева, сабзавот ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон соли гузашта 3 навъи пахта, 2 навъи гандум, 1 навъи ҷуворимакка ва 1 навъи қаламфурро минтақабоб гардониданд. Дар соле, ки гузашт, ба истиснои тухм истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти чорводорӣ нисбат ба соли 2015 аз 0,7% то 7,2% афзоиш ёфт. Саршумори  чорвои хурду калон, асп, паранда ва занбӯри асал дар қиёс бо соли 2015 аз 1,2 то 6,8 % зиёд гашт.

Вазири кишоварзӣ иброз дошт, ки нархи сабзавот дар бозорҳои мамлакат нисбат ба соли 2015 арзонтар аст. Агар арзиши иловагӣ, масалан, нархи интиқоли маҳсулот аз саҳро то ба бозор ва саҳми миёнараву ҷаллобон кам шавад, нархи меваю сабзавот дар бозор аз ин ҳам арзонтар мегардад.

Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ  Ҷамила Саидова дар хусуси иҷоракорони Хитой гуфт, ки ба онҳо заминҳое дода мешавад ки ҳолати мелиоративиашон бад аст. Ӯ овозаҳоеро, ки гӯё ин иҷоракорон нурию заҳрхимикатҳоро аз меъёр зиёд истифода мекарда бошанд, рад намуда, изҳор дошт, ки заминҳои мазкур зери назорати мутахассисони Вазорати кишоварзӣ қарор дорад. Зимнан бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Ёвон 230 гектар ва дар ноҳияҳои Данғараву Дӯстӣ зиёда аз 2000 гектар замин ба муддати гуногун ба шаҳрвандони Хитой ба иҷора дода шудааст.

С. СУННАТӢ,  «Садои мардум»