- Соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,6 фоиз афзуд, — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо 1828,3 тонна, картошка — 1264,0, сабзавот — 3289,2, полезӣ — 1144,8, меваҷот — 823,0 ва ангур 290,0 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
- Теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ 181,4 ҳазор ва кормандони соҳа 1618,7 ҳазор нафар буда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ 7242 сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2024 кишоварзон дар майдони 421,6 ҳазор гектар шудгор ва дар 200,9 ҳазор гектар кишти тирамоҳии ғалладона гузарониданд, — афзуд Қурбон Ҳакимзода.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»