Дар шаш моҳи сипаригаштаи соли 2022 дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Кӯшониён 13 ҳазору 661 тонна ғалладонагӣ, 18 ҳазору 107 тонна картошка, 81 ҳазору 827 тонна сабзавот, 6665 тонна полезӣ, 8270 тонна меваҷот ва 146 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора раиси ноҳия Икромиддин Вализода 25 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 100,1 то 114, 4 фоиз зиёд мебошад.
То 1 июли соли ҷорӣ аз ноҳия ба хориҷи кишвар 4500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти кишоварзони ноҳия дар асоси дурнамои тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда шуда, тибқи маълумот, то 1 июли соли ҷорӣ дар майдони 1244 гектар ғалладона, 176 гектар маккаи дон, 188 гектар шолӣ, 1732 гектар сабзавот, 453 гектар картошка, 180 гектар полезӣ, 11 ҳазору 453 гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 11 ҳазору 320 гектар пахта ва 747,6 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»