Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 104 млн. зиёд шуд

№22 (4762) 16.02.2024

9Зимни нишасти матбуотӣ 9-уми феврал раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода изҳор дошт, ки соли 2023 истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ 4 млрд. 676 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 427,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи даромади буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,3 фоиз ва қисми хароҷот 96,5 фоиз иҷро гардид.

Заҳматкашони шаҳри Турсунзода соли 2023-юм 112613 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Зикр шуд, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии ­босур­ъати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 123 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 104 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2023 дар шаҳр муассисаи нави таълимӣ барои 1200 хонанда, инчунин, 115 синфхонаи иловагӣ бо 2 720 ҷои нишаст ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар 222 синфхонаи иловагӣ барои 5 394 ҷои нишаст идома дорад. Се муассисаи томактабӣ барои 138 кӯдак ба истифода дода шуда, 8 муассисаи томактабӣ то Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Таъкид шуд, ки дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 435 иншооти гуногун бунёду барқарор мешавад. То имрӯз 187 иншоот бо харҷи 73,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла 28 иншоот дар соҳаи маориф, тандурустӣ — 16, варзиш — 11, хизматрасонии маишӣ — 2, саноат — 10, маркази хизматрасонию савдо 34 адад ба истифода дода шуд. Ҳоло дар 126 иншооти ҷашнӣ корҳо бомаром идома доранд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»