27 июли соли 2016 зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода изҳор дошт, ки Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар назди ин мақом гузошташударо пурра иҷро намуд.
- Дар нимсолаи якуми соли 2016 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 6363,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 12,1 фоиз зиёд аст. Бояд зикр кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати истихроҷ 1138,8 млн. сомонӣ, саноати коркард 3825,3 млн. сомонӣ ва дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1399,1 млн. сомониро ташкил дод, — гуфт ӯ.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Г. Ҳасанзода, дар ин давра истихроҷи нефту ангишт, маҳсулоти ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли ҳасиб, маҳсулоти ширии холис, консерваҳо, маснуоти қолинӣ, семент, оҳану бетони васлшаванда ва хишти бинокорӣ, трансформатор ва маснуоти кабелӣ афзудааст.
- Айни замон истихроҷи ангишт истеҳсоли арматураи сохтмонӣ, маснуоти қаннодӣ, обҳои маъданӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, нахи пахта, чигити пахта, пойафзол, маснуот, металлу пластика ва коркарди пӯст кам шудааст, — афзуд Г. Ҳасанзода.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»