Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёфтааст

№ 27.07.2022

ФирдавсиИн маълумот 20 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии ­ноҳияи Фирдавсӣ баён гардид.

Зикр шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Фирдавсӣ 138 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, нимсолаи аввали соли равон онҳо ба маблағи 99 млн. 400 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,6 фоиз ё ин ки ба маблағи 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба маблағи 466 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,6 фоиз ё ба маблағи 6 млн. 400 ҳазор сомонӣ кам аст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ин давра воридоти мол ба 15 млн. 500 ҳазор доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»