Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда афзуд

№ 09.08.2022

5Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафар Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 29 июли соли 2022 доир шуд, иттилоъ дод, ки дар деҳоти «Яккатут» бунёди фабрикаи ресандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз ба истифода додани он 950 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи сипаригашта дар ноҳия панҷ корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи собунбарорӣ, равғанбарорӣ, пахтақабулкунӣ ва коғази ташноб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Айни замон сохтмони коргоҳи макаронбарорӣ идома дорад ва дар назар аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Дар умум, соли ҷорӣ бояд дар ноҳия 17 иншоот бунёд гардад, ки аз он 7 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошанд.  То ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 203 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад. 

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»