Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи он афзоиш ёфт

№85 (4505) 13.07.2022

DSC_0960Дар нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 10 миллиарду 414,9 миллион кВт / соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 341 миллион кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиши он 103,4 фоиз таъмин гардидааст. Ин маълумотро муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода 12 июли соли 2022 дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии содироти неруи барқ ба 1 миллиарду 058,7 миллион кВт/соат ё 426,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,5 миллион кВт / соат зиёд буда, суръати афзоиш 115,4 фоизро ташкил медиҳад.

- Дар ин давра Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон ва Афғонистон (дар моҳҳои май-сентябр) неруи барқ содирот намуд, ки дар маҷмӯъ воридори маблағи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ 366,2 млн. сомониро ташкил дод, — илова намуд Ҷамшед Шоимзода.

Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 маблағи ҳисобшудаи неруи барқ бо дарназардошти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 1 млрд. 728 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 673,5 млн. сомониро ташкил дод. Ҷамъоварии умумии маблағи неруи барқ 92 фоиз ё 1 млрд. 582,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки маблағи пардохтнамудаи аҳолӣ 98,6 фоиз мебошад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ арзиши миёнаи неруи барқ 28, 16 дирамро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 0,89 дирам кам гардидааст. Сабаби асосии ин омилро масъулин дар кам шудани меъёри андоз аз арзиши иловашуда арзёбӣ карданд.

А. ШАРИФ,

«Садои мардум»