Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли пахта ва ангур кам шудааст

№24 (4764) 21.02.2024

DSC_8978Директори Агентии омори наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар нишасти матбуотӣ 14-уми феврал иброз намуд, ки мақомоти омор соли 2023, дар маҷмӯъ, 9197 кори омориро ба анҷом расонда, 164 бюллетени оморӣ, 48 иттилооти таъҷилӣ, 80 маҷмӯаи оморӣ ва 24 гузориши таҳлилӣ омодаю нашр кард.

- Соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 63 миллиарду 28,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм бо нархҳои муқоисавӣ 9 дарсад зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 754 ҳазору 886 тонна расид, ки аз он 860 ҳазору 815 тоннаашро гандум ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли қаблӣ истеҳсоли картошка 4,6 дарсад, саб­завот -11,5, полезиҳо -19,9, мевагиҳо 29,7 дарсад зиёд шуда, истеҳсоли пахта 14,9 дарсад ва ангур 36,8 дарсад кам шудааст, — иттилоъ дод Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Зикр гардид, ки соли сипаришуда корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 46 миллиарду 815,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Рушди саноат аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ 11,7 дарсад, саноати коркард — 12,3, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 20,9 дарсад ба амал омадааст. Соли 2023 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 110 миллион доллари амрикоӣ барқ содир шудааст, ки он дар қиёс бо соли қаблӣ 4 дарсад бештар мебошад. Тоҷикистон асосан ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон неруи барқ содир мекунад. Неруи барқи мамлакат асосан дар фасли тобистон, замони зиёд будани об ба хориҷ фурӯхта мешавад.

Соли 2023 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор 21 миллиарду 760,3 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 14,1 дарсад зиёд аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»