Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли рекордии неруи барқ

№18 (4601) 31.01.2023

DSC_2826- Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 21 миллиарду 399,5 миллион киловатт/соатро ташкил дод, ки баландтарин нишондиҳанда ба ҳисоб меравад, — гуфт зимни нишасти хабарӣ 30-юми январи соли 2023 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа.

Номбурда илова кард, ки рӯзҳои сарди имсола харҷи барқ дар як шабонарӯз дар кишвар ба 81 млн. кВт/соат расид, ки баландтарин нишондиҳанда дар низом аст.

Иттилоъ гириф­тем, ки соли гузашта содироти неруи барқ дар умум 2 миллиарду 557,6 миллион кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш 105 фоизро ташкил додааст.

Ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида дар бозори дохилӣ 90 фоиз ё 3 миллиарду 244 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021 — ум 130,4 миллион сомонӣ (4,2 фоиз) зиёд гардид.

Пардохти маблағи истифодаи неруи барқ аз тарафи аҳолӣ 93 фоиз иҷро гардида, дар муқоиса бо соли гузашта 9,3 фоиз ё 107 миллион сомонӣ зиёд аст.

Доир ба истеҳсоли неруи гармӣ масъулин иттилоъ доданд, ки он соли сипаригашта ба 1 миллиону 143 ҳазор Гкал баробар шуда, аз Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо 2937 иншооти пойтахт, аз ҷумла 544 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1346 — ноҳияи Сино, 658- ноҳияи Шоҳмансур ва 452 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ бо гармӣ таъмин шуданд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»