Бистуми июли соли равон нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ба журналистон иттилоъ дод, давоми шаш моҳи соли 2016 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳќонӣ бо истифода аз тухмиҳои босифат дар майдони 392431 гектар кишти баҳории зироатҳоро гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, соли 2016 бо маќсади таъмини амнияти озуќаворӣ ва баланд бардоштани иќтидори содиротии кишвар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 836 591 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 6096 гектар зиёд аст.
Номбурда гуфт, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳори хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, полезӣ, меваҷот, ангур, гӯшт, шир, пашм, асал, моҳӣ нисбат ба соли гузшта мутаносибан аз 2,8 фоиз то 2,3 маротиба афзудааст. Танҳо истеҳсоли гӯшт ва тухми мурғ бинобар фаъолияти нопурра доштани корхонаи «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 5298,1 миллион сомонӣ расидааст. Давоми шаш моҳ 87324 тонна сабзавот, аз ҷумла 86163 тонна пиёз, 708 тонна лӯбиёгӣ, 581 тонна биринҷ, 6538 тонна меваҷоти тару тоза ва 15223 тонна меваи хушк ба Россия, Ќазоќистон, Ќирғизистон, Афғонистон ва дигар давлатҳо содирот шудааст.
Бино ба гуфти Иззатулло Сатторӣ, бунёди боғу токзори нав низ аз наќша барзиёд иҷро шуда, дар ин давра 4635 гектарро ташкил медиҳад, ки баробари 113,6 фоизи нишондоди «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мебошад.
Номбурда изҳор дошт, ки бинобар самаранок истифода бурдани замин ва фаъолияти пурмаҳсули деҳќонон имрӯз ҷумҳурӣ бо сабзавоту меваҷот, гӯшт, тухм ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзии ватанӣ бо нархи дастрас таъмин аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»