Аз нишастҳои матбуотӣ

Истифодабарандагон ҳаққи обрасониро сари вақт пардохт намекунанд

№8 (3645) 26.01.2017

Бехдошти ЗаминДиректори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон 23 январи соли равон дар нишасти  матбуотӣ иброз намуд, ки ҳарчанд идораҳои  давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои  худро ба истифодабарандагон пурра иҷро карда бошанд ҳам, вале хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар  истифодабарандагон ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва пурра пардохт намекунанд. Аз ҷониби истифодабарандагони об соли 2016- ум 45,0 миллион сомонӣ ҳаққи обрасонӣ пардохт шудааст, ки 61 дарсади маблағи оби додашударо ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат  ба соли 2015- ум 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. То оғози соли ҷорӣ бақияи қарз аз ин ҳисоб 27,6 миллион сомонӣ ва бо дарназардошти қарзи солҳои пешин 75,3 миллион сомониро ташкил менамояд.

- Пурра пардохт накардани ҳаққи обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон боиси афзоиш ёфтани қарзҳои  дебиторӣ,  сари вақт  напардохтани маблағи неруи барқ, суғуртаҳои иҷтимоӣ, андозҳо ва музди меҳнати кормандони  ташкилоту корхонаҳои зертобеи Агентӣ гардидааст, — гуфт Холмурод Раҳмон

Яке аз мушкилоти фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ бе огоҳии пешакӣ қатъ гардидани неруи барқ ва пасту баланд гаштани шиддати он мебошад, ки ба соҳа хисороти калон мерасонад.  Соли сипаришуда танҳо дар вилояти Суғд 134  маротиба қатъкунии неруи барқ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он ба пойгоҳҳои обкашӣ  890,2 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.

Имрӯзҳо бо истифода аз обу ҳавои муносиб ташкилоту муассисаҳои соҳа дар мавзеъҳои хавфноки ҷумҳурӣ корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бурда  истодаанд. То ин дам бо мақсади  омодасозии шабакаҳои обёрӣ ба  мавсими обдиҳии соли 2017  нақшаи тоза намудани шабакаҳои обёрӣ 38 фоиз, тармими таҷҳизоти обкашӣ — 58, таъмири чоҳҳои  амудӣ — 71, тармими  трансформаторҳо — 64 фоиз иҷро гардиданд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»