Дар шаш моҳи аввали соли равон беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути вориднамоии принсипи оилавӣ идома ёфта, дар муассисаҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 187 нафар корманди тиб давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ ва 314 нафар мутахассиси тибби оилавӣ давраҳои такмили ихтисосро аз рӯи барномаҳои гуногун хатм намуданд. Дар ин хусус, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июли соли равон баргузор гардид, иттилоъ дод.
- Аз аввали моҳи январ то даҳаи дуюми моҳи июни соли равон дар мамлакат ҳодисаҳои нави сирояти COVID — 19 ба қайд гирифта нашуданд, вале аз 21 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ дар асоси маълумоти таҳлилии вазорат расман бақайдгирии сироятиро тасдиқ намуд. Аз 21 июн то 12 июли соли ҷорӣ дар кишвар 526 ҳолати бо озмоишгоҳи вирусологии таҷзияи занҷири полимеразӣ ба қайд гирифта, аз ин шумора 317 нафар солим гардонида шуданд. Аз аввали бақайдгирии сироят 103 ҳолати фавт қайд шудааст, — гуфт Ғафур Муҳсинзода.
Ҳангоми таҳқиқоти эпидемиологии манбаъҳои сироят муайян карда шудааст, ки 43,1 фоиз дар шароити хона ва ё ҳангоми нигоҳубини бемор сироят ёфтаанд. Ғайр аз ин, 17,4 фоизи беморон сироятёбиро ба ҷойи кор алоқаманд намуда, 16,8 фоиз пас аз иштирок дар маъракаю чорабиниҳо худро бемор ҳис намудаанд. 22,7 фоизи сироятёфтагон эътироф карданд, ки пас аз рафтан ба бозору марказҳои савдо, ки ба он ҷойҳо тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ рафтаанд, шояд бемор гардида бошанд.
Дар хотима таъкид гардид, ки барои пешгирии паҳншавии беморӣ истифодаи ниқобу риояи фосилаи иҷтимоӣ муҳим аст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»