- Дар нимсолаи аввали соли 2016 ба буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 54,5 миллион сомонӣ ворид гардид. Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ 94 фоиз, қисми хароҷот 93,9 фоиз таъмин шуд, — изҳор дошт Сиҷоуддин Саломзода — раиси шаҳри Турсунзода дар нишасти матбуотӣ, ки 18 июли соли 2016 баргузор гардид.
С. Саломзода афзуд, ки ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёнаи шаҳр аз тарафи филиали бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 10851 нафар ба маблағи 71 миллиону 556 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 490 ҳазор сомонӣ кам аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисашаванда дар нимсолаи аввали соли равон 302 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2015 – ум 55 миллион сомонӣ зиёд буда, 116 фоизи нақшаро нишон медиҳад.
- Дар арафаи ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкорони шаҳр дар ҶСП «Ноҳияи Турсунзода», барои истеҳсоли симҳои мисин таҷҳизоти технологӣ насб гардид. Дар деҳоти «Сешанбе» бунгоҳи тиббӣ, ба номи Ҷ. Раҳмонов бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ, дар шаҳраки Пахтаобод бинои маркази савдо ва хизматрасонии бонкӣ, боғи навбунёди фарҳангӣ – фароғатии Наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқлол», бинои панҷошёна иборат аз 36 ҳуҷра ва маркази савдо ба истифода дода шуд. Бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар кӯчаҳои марказии шаҳр зиёда аз 600 адад чароғи калони равшанидиҳандаи замонавӣ насб гардид ва ин иқдом дар кӯчаҳои дигари шаҳр идома дорад, — гуфт раиси шаҳр.
- Хулоса, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 123,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли пешин 16 миллион сомонӣ зиёд аст, — афзуд раиси шаҳри Турсунзода.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»