Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1136 мавзеи хатарнок мавҷуд буда, аз он хавфнокии 381 минтақа баланд мебошад. Ин нуктаро муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ (19 январи соли 2017) зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, соли 2016 дар ҷумҳурӣ 55 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок, 106 хонаи истиқоматӣ, 12 ҳазору 936,98 гектар майдони кишт, 156 пул ва 644,9 километр роҳи мошингард зарар дидааст.
Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки кормандони кумита дар соли гузашта 132 нафарро наҷот доданд.
Оид ба бехатарии кӯли Сарез зикр шуд, ки он бехавф буда, сарбандаш аз заминҷунбиҳо ҳеҷ зараре надидааст.
Доир ба наҷоти таъҷилии шаҳрвандон ҳангоми ба ягон ҳодиса гирифтор шудан иттилоъ дода шуд, ки дар чунин ҳолат чархболҳои Вазорати мудофиаи кишвар истифода мешавад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»