Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӯлоб: 1037 килограмм маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд

№101 (4684) 14.08.2023

СТАН КУЛ- Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб дар 6 моҳи аввали соли 2023 барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифат маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузаштаро ба миқдори 1037 килограмм аз муомилот гирифта, бо иштироки комиссия ва кормандони воситаҳои ахбори омма онҳоро несту нобуд карданд,- гуфт Ҷӯрахон Сайдализода зимни нишасти матбуотие, ки 31- уми июли соли равон баргузор гардид.

 Номбурда зикр кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар 171 нуқтаи савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ 62 санҷиш бо иштироки кормандони мақомот гузаронида, барои риоя накардани қоидаи савдо нисбат ба 215 нафар соҳибкори нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 54 ҳазору 128 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.

Инчунин, дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ 250,5 кг, маҳсулоти гӯштӣ — 171, хӯриш — 95, маҳсулоти ширӣ — 32, чой — 11, намаки ошӣ — 77, қайлаи помидор — 7, ранг — 4 кг, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва машруботи 411,5 литр ва нӯшокии энергетикии «Горилла» 76,5 литр аз муомилот гирифта шуд.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар давраи мавриди назар аз тарафи кормандони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо дархости соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти 138 корхонаи истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуда, дар панҷ ҳолат 65000 кг намаки ғайристандартӣ дар корхонаҳои ҶДММ «Диловар — Н» 10000 кг, ҶДММ «Намакдон» 10000 кг, ҶДММ «Душанбе» 20000 кг ва ҶСК «Хоҷа Муъмин» — и ноҳияи Восеъ 25000 кг ошкор гардид.

Р. ИСЛОМ,

«Садои мардум»