Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӯлоб. 473 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

№24 (4286) 23.02.2021

dav- Соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 277, 8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 миллион сомонӣ зиёд аст, — гуфт 15 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода.

- Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат соли гузашта дар шаҳр чор корхонаи саноатӣ ва шаш коргоҳи хурду бузург мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, ҶДММ «Мурғи Хонобод» бо 19 ҷойи кор, ҶДММ «Шараф — 2007» — 6, ҶДММ «Алиҷони Абдулвоҳид» ва ҶДММ «Сувайба — 2014» бо 16 ҷойи кор ба фаъолият оғоз карданд. Ҳамчунин, 26 корхонаи истеҳсолӣ, ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуданд, — афзуд А. Вализода.

Зикр шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёдкорӣ идома ­дошта, аз 873 иншооти таъиноти гуногун 473 адади он мавриди истифода қарор дода шуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»