Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӯлоб. Даромади буҷет 110 фоиз иҷро шуд

№ 27.07.2022

Кулоб22 июли соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 116,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба маблағи 61 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи андозҳо бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,8 фоиз иҷро шуда, ба ҷои 67 миллиону 127 ҳазор сомонӣ, 74 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Дар маҷмӯъ, қисми даромади буҷет 110,9 фоиз иҷро ва қисми хароҷоти он 96 фоиз таъмин шуд.

Бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб як қатор корҳо ба сомон расонида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 142 миллиону 200 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр 40 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Зикр гардид  ки дар ин давра 35 адад бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 150 бинову иншоот, аз ҷумла 25 иншооти истеҳсолӣ, ҳафт бинои истиқоматӣ, 10 муассисаи таълимӣ, ду муассисаи тиббӣ, шаш бинои варзишӣ, панҷ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 27 иншооти хизматрасонӣ ва 23 нуқтаи савдо, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 209 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 104,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»