- Соли 2022 кишоварзони ноҳия дар 11 ҳазор гектар замин пунбадона кишт намуда, ба корхонаҳои коркарди пахта 26 ҳазору 366 тонна «тиллои сафед» супориданд, — изҳор дошт раиси ноҳияи Кушониён Икромиддин Вализода 9 -уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Соли гузашта дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 47 ҳазору 912 тонна ғалладонагӣ, 19 ҳазору 509 тонна картошка, 140 ҳазору 777 тонна сабзавот, 13 ҳазору 767 тонна полезӣ, 16 ҳазору 298 тонна меваҷот ва 10 ҳазору 379 тонна ангур истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 маҳсулоти зикршуда мутаносибан 6 ҳазор тонна, 1168 тонна, 116 тонна, 1855 тонна ва 982 тонна зиёд мебошад.
Соли сипаригардида дар ноҳия 13 ҳазору 100 тонна гӯшт, 50 ҳазор тонна шир, 4 миллиону 129 ҳазор дона тухм, 203 тонна пашм, 45 тонна асал ва 82 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»