Аз нишастҳои матбуотӣ

Кабудизоркунӣ тавсеа ёфта, обтаъминкунӣ беҳтар гардид

№96 (4516) 02.08.2022

8 (2)Ҷӯрахон Ғафорзода — муовини якуми директори КВД» Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар нишасти матбуотии  29 июли соли 2022 доир гашт, иттилоъ дод, ки  дар нимсолаи  аввали соли ҷорӣ ба маблағи 101 миллиону 117,4 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногунӣ коммуналӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 641, 5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

 Дар ин давра кашонидани  партовҳо 266 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ  корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба маблағи 24 миллиону 250 ҳазор иҷро гардид. Аз тарафи  корхонаҳои коммуналӣ дар масоҳати  40,97 гектар хоҷагиҳои ёрирасон ва 65 гармхона  ба масоҳати  9929, 5метри мурабаъ ташкил шуданд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои  сохтмон, таҷдид ва бақарорсозии  иншооти  соҳа, аз ҷумла обтаъминкунию канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи чор лоиҳа корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи  обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол» ҷиҳати барқарорсозии  шабакаҳои  обтаъминкунии шаҳрҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ,Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон 5 қарордод ба имзо расид. Дар маҷмӯъ,  гузаронидани 20, 5  километр қубурҳои полиэтиленӣ, бунёди  4 ҳавзӣ обтаъминкунӣ ва 2 чоҳи амудӣ ва пойгоҳи насосӣ анҷом ёфт. Азхудкунии маблағ дар ин самт тайи шаш моҳи соли ҷорӣ 83685 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар ин давра Корхонаи  фаръии давлатии «Обтаъминкунӣ ва канализасияи шаҳри Кӯлоб» ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» созишнома ба имзо расонид.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»