- Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар зинаи бакалавр дар курси якум донишҷӯён аз рӯи 36 ихтисос, курси дуюм — 31, курси сеюм — 30, курси чорум — 33 ва дар зинаи магистратура аз рӯи 11 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Илҳом Амонзода.
Шумораи донишҷӯён 3460 нафар мебошад. Соли таҳсили 2022-2023-ро 856 донишҷӯ хатм намуда, ин шумора нисбат ба соли пешин 5 фоиз зиёд аст. Аммо нисбатан кам гардидани теъдоди дохилшудагон дар соли таҳсили 2023-2024 боиси нигаронист. Аз рӯи 36 ихтисос 1343 ҷой пешбинӣ гардида буд, аммо ба донишгоҳ 762 донишҷӯ қабул гардидааст, ки 56,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»