Аз нишастҳои матбуотӣ

Камбудиҳои молиявӣ 87,1 миллион сомонӣ зиёд шуд

№100 (4840) 16.08.2024

6Дар нишасти матбуотии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ин ниҳод Қарахон Чиллазода иттилоъ дод, ки дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ камбудиҳои молиявиро ба маблағи 183,9 миллион сомонӣ муайян намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 87,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки аз ин маблағ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 26,5 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 1,6, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 12,0, фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,6, талафи воситаҳои пулию молӣ — 40,4, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо — 81,6, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ — 15,4 ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 4,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»