Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Муҳриддин Низомӣ дар нишасти матбуотие, ки 27 июл доир гардид, минҷумла гуфт:
- Раёсати донишкада дар нимсолаи аввали соли 2020 баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро меҳвар қарор дода, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, инчунин ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод, вобаста ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, дар донишкада 2 даври озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гузарониданд.
Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯи 14 ихтисос ва бахши магистратура аз рӯи 6 ихтисос имтиҳонҳои давлатиро пурра супорида, соли равон донишкадаро 7 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд. Соли ҷорӣ шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар шуъба ба ҳайси докторант 12 нафар таҳсил доранд. Аз ҷониби онҳо 40 мақола дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст. Инчунин, чор устоди донишкада дар мавзӯъҳои гуногун оид ба санъату фарҳангшиносӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.
Як бахши муҳими фаъолияти донишкадаро ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ дар доираи робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. То ин вақт роҳбарияти донишкада бо 27 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, 17 апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ тариқи онлайн баргузор гардид. Дар он се нафар — М. Низомӣ, ректори донишкада, М. Умедов, мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва Р. Ҷабборов, мудири кафедраи бойгоншиносӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»