Аз нишастҳои матбуотӣ

Кишти такрорӣ афзуд

№86 (4192) 16.07.2020

DSC_0135- Хароҷоти асосии соҳаи кишоварзиро сӯзишворӣ ташкил медиҳад. Баланд будани нархи он ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад. Бо мақсади кам кардани хароҷоти сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист чанд сол пеш дар факултети  механиконии соҳаи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон истеҳсоли биогаз аз поруи чорворо ба роҳ монданд, вале то ҳол ин таҷриба дар истеҳсолот ҷорӣ нашудааст, — гуфт вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода 13 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ изҳор намуд, ки сабаби дар  истеҳсолот васеъ ҷорӣ нашудани истеҳсоли биогаз аз пору ва биоэтанол аз топинамбур он аст, ки таҷҳизоти истеҳсолкунандаи сӯзишвориҳои биологӣ нархи баланд доранд. Дар сурати пайдо шудани маблағ барои харидани ин гуна таҷҳизот метавонем истеҳсоли  сӯзишвории биологиро ба роҳ монем.

Зикр шуд, ки тайи шаш моҳи соли равон дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 9 миллиарду 393,8 миллион  сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 дарсад зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 31719 тонна (5,5 дарсад), сабзавот 117 901 тонна (15 дарсад), полезӣ 34263 тонна (16,4 дарсад), мева 2138 тонна (1,8 дарсад) ва тухм 136,2 миллион дона (44,3 дарсад) зиёд гардид.

Баҳри самаранок ва оқилона истифода намудану гирифтани ду — се ҳосил аз заминҳои корами обӣ хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ то якуми июли соли ҷорӣ дар майдони  60858 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2902 гектар зиёд мебошад.

Дар муқоиса ба соли 2019 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад зиёд шуда, ба 352 адад расид. Истеҳсоли моҳӣ 832,2 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 368 тонна (79,3 дарсад) зиёд аст.

Дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат 606 443 тонна ғалладонагӣ истеҳсол шуда, ҷамъоварии он идома дорад.

- Истеҳсоли тухмии хушсифат гарави  фаровонҳосилӣ мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 90 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият намуда, зиёда аз 60 дарсади масоҳати кишти пахтаро навъҳои ватанӣ ташкил медиҳанд, -  гуфт Амонулло Салимзода.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»