Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар нишасти матбуотӣ 1 августи соли 2022 зикр кард: — Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Дар ин замина, фаъолияти 12 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад таҳия намуда, ба мақомоти дахлдор ирсол намудем.
Бо мақсади назорати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 — 2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» гурӯҳи корӣ фаъолияти шуъбаҳои маориф, бахши САҲШ ва шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Леваканту Кӯлоб, КВД «Пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Левакант» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» — ро мавриди санҷиш қарор дод.
Дар ин давра ба 70 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 13 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод шуда, дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вазъи қонун ва қарорҳои зикршуда дар фаъолияти 38 муассисаи таълимӣ ва кӯдакистони ноҳияҳои мазкур санҷида шуд.
Дар давраи мадди назар аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳоти кумита 17073 истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа гардида, 21 номи маҳали аҳолинишину объектҳои ҷуғрофӣ ва 1143 кону канданиҳои фоиданоки ҷумҳуриро бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, хулоса пешниҳод намуданд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар бораи аз чоп баромадани шумораи аввалини маҷаллаи илмии «Забон ва истилоҳот» ва бознашр шудани «Қонуни имлои забони тоҷикӣ» (дар таҳияи нав) иттилоъ дод.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»