Аз нишастҳои матбуотӣ

Консерваторияи миллӣ дар ҷалби довталабон фаъол аст

№99 (4361) 31.07.2021

rektori-Konservatoriyai-millii-To-ikiston-Miral-Dostizoda-223 июли соли 2021 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов нишасти матбуотӣ доир шуд.

Ректори он, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Миралӣ ­Достизода оид ба корҳои ба анҷомрасида маълумоти муфассал дод.

Зикр шуд, ки консерватория ягона мактаби олиест, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд. Дар он се факултет: иҷрокунандагӣ (классикаи ҷаҳонӣ ва мусиқии композитории тоҷик), мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрадӣ ва 13 кафедра мавҷуд буда, таҳсил аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли таҳсили 2020-2021 консерваторияро 137 нафар, аз ҷумла, 88 нафар рӯзона, 39 нафар ғоибона ва 10 магистр хатм намуданд.

Раёсати таълимгоҳ вобаста ба маъракаи қабули соли 2021-2022 чораҳои мушаххас андешида, дар вилояти Суғд, ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Шаҳринав, шаҳри Кӯлобу Бохтар, Ҳисор ва Турсунзода бо довталабон вохӯрӣ гузарониданд.

31 марти соли 2021 ректори Академияи миллии мусиқии Украина ба номи П. И. Чайковский Максим Олегович Тимошенко ба консерватория ташриф овард. Дар ин замина байни КМТ ба номи Т. Сатторов ва Академияи миллии мусиқии Украина ба номи П. И. Чайковский шартнома ба имзо расид, ки дар он ҳамкориҳо дар самти гуногун, аз ҷумла, мусиқии касбӣ, илмӣ ва эҷодӣ, меҳваранд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»