Аз нишастҳои матбуотӣ

Корхонаҳои консервабарорӣ таҷдид мешаванд

№96 (4358) 24.07.2021

Точикматлубот (2)Дар нимсолаи аввали соли равон даромади Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба 56,2 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора муовини раиси он Хуршед Раҳмонализода 21 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Зикр шуд, ки дар ин муддат аз фурӯши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ 258 ҳазор сомонӣ даромад гирифта шуд.

- Барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 52 анбор ва се сардхона фаъолият менамояд. Ҳоло анборҳоро бо маҳлул безарар ва поксозӣ намуда истодаанд. Азбаски ҳоло ҳаво гарм аст, аз 15 сентябр то 25 ноябр барои зимистон маҳсулоти зарурӣ захира мешавад, — гуфт Хуршед Раҳмонализода.

Дар тобеияти «Тоҷикматлубот» 43 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла, ду корхонаи  консервабарорӣ мавҷуданд, ки бо таҷҳизоти давраи шӯравӣ фаъолият мекунанд. Маҳсулоти онҳо чандон бозоргир набуда, мақсад доранд, ки тадриҷан корхонаҳоро таҷдид намоянд.

Тайи шаш моҳи сипаришуда ба буҷети мамлакат 17,8 миллион сомонӣ андоз пардохт гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин муддат ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд, собиқадорони ҷангу меҳнат, бепарасторон, кормандони соҳа, донишҷӯён, устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва шаҳрвандони алоҳида ба маблағи 552809 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Корхонаҳои консервабарорӣ таҷдид мешаванд

Дар нимсолаи аввали соли равон даромади Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба 56,2 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора муовини раиси он Хуршед Раҳмонализода 21 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Зикр шуд, ки дар ин муддат аз фурӯши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ 258 ҳазор сомонӣ даромад гирифта шуд.