15 феврали соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нишасти матбуотӣ доир шуд. Раиси ноҳия Фатҳиддин Усмонзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2021 иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 108,4 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 519,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 40,4 млн. сомонӣ зиёд аст.
Соли 2021 дар ноҳия 134 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, 237,8 млн. сомонӣ фоида ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли 2020 — ум 49,5 фоиз ё 78,7 млн. сомонӣ бештар аст. Аз шумораи умумии корхонаҳо дар тӯли сол 72 корхона истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуд. 36 корхона ин нишондиҳандаро кам карда, 26 корхонаи дигар аз фаъолият бозмонданд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2022 дар ноҳияи Фирдавсӣ 6622 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 357 ҷой зиёд аст.
Соли сипаригардида тавассути нақлиёти автомобилӣ 1597,5 ҳазор тонна бор ва 14,5 млн. мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 20 фоиз ва 3,2 баробар бештар аст. Ҳаҷми умумии гардиши мол 2207,5 млн. сомонӣ ва хизматрасониҳо 789,2 млн. сомониро ташкил намуд. Дар ин давра ба шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 3349 нафар, аз онҳо 2969 кас барои ҷойи кор муроҷиат намуда, 2560 шахс бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ҳамчунин, 687 шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ сафарбар гардида, ба 160 нафар ба маблағи 193997 сомонӣ кумакпулиҳо ҷудо гардид.
- Дар соҳаи маориф низ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Натиҷа ин аст, ки аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 121 хонанда соҳиби 18 медали тилло, 48 медали нуқра ва 55 медали биринҷӣ гардиданд, — зикр кард Ф. Усмонзода.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»